Донишчуёни гариб дар васфи МОДАР.

Донишчуёни гариб дар васфи МОДАР.

МОДАР, чихел калимаи ширин ва дилангез аст. Вакте ки Модар мегуем тамоми баданамону рухамонро як эхсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он халоват мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати у барои мо фарзандон беканор ва човидон аст. Дар навори навбати аз TAJLIFE якчанд чавонони гариби точик суханхои зебое дар бораи Модарон мегуянд ва як рузи таърихии бо Модаронашон гузарондаро накл мекунанд. Чикадар суханхои хубе барои Модарон бигуем хамонкадар кам аст.

Донишчуёни гариб дар васфи МОДАР от Таджикистан 24 на Rutube.

Аё модар! Туро ёд кардам, дар танҳои чашм мепушам ва садои хандаҳоят ба гуш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомуш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам модар,чи гуна суханҳое бароят бигуям то ту дар наздам ҳозир шави ва туро оғуш гирам сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ модар! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чи қадар вазнин, чи қадар мушкил ин дури аз ту, туро ёд кардам. Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавчҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман бо ту рози дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаёти, зеро бо ин ҳама бузурги маро пиҳил карди. Эй чаннати Парвардигор дар руи замин! Ту василаи хушбахтии ҳаёти ман, зеро ту маро бизоди, баҳри ман шабҳо дар сари гаҳворам нишаста бехоби кашиди, ду чуйбори ширатро аз ман дареғ надошти. Туро ёд кардам модар ту мисли гул ҳасти, ки аз буи хушат чаҳон муаттар аст. Аё модар! Туро ёд кардам, аз ин дури дилам шикаста аст мисли намози мусофир.

Мы в Telegram